Ru  | Tj
Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд кардани нафақа то 50 фоиз

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд кардани нафақа то 50 фоиз
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд кардани нафақа то 50 фоиз

Нашр шуд

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон нафақаи маъюбон аз 1-уми сентябр зиёд карда мешавад.

Имрӯз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Оид ба зиёд шудани ҳаҷми нафақаи категорияи муайяни нафақагироне, ки нафақаи маъюбиятро мегиранд" имзо шуд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Дар фармони мазкур чунин омадааст:

— нафақаи маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;

— нафақаи кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;

— нафақаи маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шавад.

Ҳамчунин дар фармони зикргардида Президент дар навбати худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур медиҳад, ки:

— амалигардонии фармони мазкурро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда таъмин намояд;

— дар муҳлати як моҳ санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

Гуфта мешавад, ки амалигардонии фармони мазкур дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда бояд таъмин шавад.


Рустами Эмомалӣ ба ташкилу гузаронидани истироҳати тобистонаи хонандагони пойтахт дастур дод

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед