Ru  | Tj
Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа муаррифӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа муаррифӣ гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа муаррифӣ гардид

Нашр шуд

Имрӯз рӯзи охирини баргузории намоишгоҳи мазкур буд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, кори 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ (Агритек-2022) дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа рӯзи 10-уми март оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳошияи Намоишгоҳи мазкур форуми иқтисодӣ баргузор гардидааст ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода дар ин чорабинӣ суханронӣ намудааст.

Ӯ дар баромади худ иқтидору зарфиятҳои агросаноатии Тоҷикистонро рӯнамоӣ карда, ба ҳозирин оид ба шароитҳои мусоиди кишвар ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, инчунин содироту воридоти маҳсулот маълумоти муфассал пешниҳод намудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа 307 ширкати байналмиллалӣ аз 46 давлати дунё маҳсулоти худро дар соҳаҳои кишоварзӣ, обёрӣ, чорводорӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва технологияҳои соҳаҳи кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.


Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон: Иқтидори лоиҳаҳои башардӯстона ва ҷавонон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед