Ru  | Tj
Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон: Иқтидори лоиҳаҳои башардӯстона ва ҷавонон
Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон: Иқтидори лоиҳаҳои башардӯстона ва ҷавонон
Аксҳо: Аз Интернет

Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон: Иқтидори лоиҳаҳои башардӯстона ва ҷавонон

Нашр шуд

27-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот карда буд. Сарони давлатҳо дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ карданд. 

Дар давоми 2-3 соли охир ҳамкориҳои ин ду кишвар, аз ҷумла дар бахши лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ ва таълимӣ, дастгирии лоиҳаҳои Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои муштарак оид ба ҷашнҳо ва санаҳои хотирмон, инчунин дастгирии ташаббӯсҳои фарҳангии якдигар ба роҳ монда шудааст. 

Имрӯзҳо яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои башардӯстона таҳкими равобит дар соҳаи маориф ва тавсеаи ҳамкориҳо байни донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон мебошад. 

Масалан, Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (Донишгоҳи тадқиқоти миллӣ) барои интихоб ва ҷалби донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар ин донишгоҳ аз ҳисоби буҷети федералӣ квотаҳои давлатӣ ҷудо намудааст. Ҳоло аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 нафар донишҷӯ дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд. Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Русия (ЮУрГУ) бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ (ДДТТ ба номи академик М. Осимӣ), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва Донишкадаи энергетикаи Тоҷикистон (ИЭТ) ҳамкорӣ дорад. Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Русия барои донишгоҳҳои мазкур зиёда аз 30 номзади илмро омода намудааст. 

  Лоиҳаи бузурги муштараки таълимӣ миёни ин ду кишвар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (РТСУ) мебошад. Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе филиали донишгоҳҳои бонуфузи Русия аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи миллӣ-тадқиқоти технологии «МИСиС» ва Донишкадаи энергетикии Москва фаъолият мекунанд. Ин муассисаҳои олии таълимӣ ба рушди равобити ду кишвар дар соҳаи маориф ва омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон нақши арзанда мегузоранд. 

Имрӯзҳо зиёдтар аз ҳама барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда мешавад. Дар шаҳри Душанбе Намояндагии «Россотрудничество» ва «Маркази илм ва фарҳанги Русия» фаъолият мекунад. Дар ин марказҳо дар соҳаи маориф, фарҳанг ва санъат чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Ҳамчунин, дар Тоҷикистон чор маркази Фонди «Русский мир» мавҷуд аст. Ҳамаи ин фаъолияти заҳматталаби ҳаррӯза баҳри ҳифзи мероси таърихии умумӣ ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ мебошад. 

Ҳамчунин, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербург масоили муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба Русияро низ баррасӣ карданд.

Владимир Путин дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Президенти Русия, ин кишвар ба хотири рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳравандони ин кишвар масъалаҳои марбут ба сиёсати муҳоҷиратро идома медиҳад.

«Дар кишвари мо ҳам соҳаи саноат, ҳам соҳаи сохтмон ва дар маҷмӯъ иқтисод, ба ҷалби нафарони соҳибихтисос ва меҳнатдӯст манфиатдоранд» - таъкид кардааст, Президенти Федератсияи Русия.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Президенти Русия изҳор дошта буд, муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд забон ва қонунҳои ин кишварро донанд. Ӯ пешниҳод кардааст, ки ин масъаларо бо сарони давлатҳои аъзои ИДМ ҳал кунанд, то шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя, ки нияти сафар ба Русияро доранд, қаблан омодагӣ гиранд.

Моҳи сентябри соли гузашта Маркази чандсамтаи муҳоҷирати Маскав (ММЦ) бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон як ёддошти ҳамкорӣ имзо кардааст. Тибқи созишномаҳо, дар Душанбе намояндагии ин марказ кушода мешавад, ки дар он мусоҳибаҳои онлайнӣ ташкил карда, баҳо додани малакаи коргарон, машваратҳо оид ба масъалаҳои шуғл, маълумот оид ба қоидаҳои будубош ва дигар хизматрасониҳои мавзӯӣ пешниҳод карда мешаванд.

Ҳанӯз ибтидои моҳи декабри соли 2021 Владимир Путин иброз намуда буд, муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд нахуст дар кишвари худашон забони русиро омӯзанд. Ба андешаи ӯ, онҳое, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд қабл аз сафар барои кор кардан дар ин кишвар омода шаванд. 

«Донистани забони русӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки ҳарчӣ зудтар ба зиндагӣ дар Русия мутобиқ шаванд», - изҳор доштааст Владимир Путин. Ба андешаи ӯ, агар муҳоҷирон забони русиро донанд, дар ин кишвар оромона кор карда ва худро роҳат ҳис мекунанд. 

Ӯ ҳамчунин ба нақши калидии ҳамкориҳо дар арсаҳои фарҳангиву гуманитарии ду кишвар шак надорад ва ба муносибати Президенти Тоҷикистон ба рушди забони русӣ баҳои баланд дод. Президенти Русия қайд кард, ки бо дастгирии Сарвари давлати тоҷикон забони русӣ дар ин кишвар бо суръат рушд мекунад ва нафароне, ки хоҳиши омӯхтани ин забонро доранд, хеле зиёданд. 

Ба иттилои «Русский мир» Владимир Путин қаблан қайд карда буд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ дар ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи махсус медиҳад. 

Президенти Тоҷикистон пайваста аз рушди забони русӣ дар Тоҷикистон ёдовар мешавад ва дар ин самт аз Русия дархости дастгирӣ менамояд. Зимни суҳбат сарони ду кишвар нақшаҳои тавсеаи тадбирҳои мусоидат ба оммавигардонии забони русиро муайян карданд.

Владимир Путин қайд кард, ки барномаи ҷалби омӯзгорон аз Русия барои кор ба Тоҷикистон натиҷаҳои хуб медиҳад. Ӯ ваъда дод, ки ин корро идома хоҳад дод. 

Дар соли 2020, дар шароити пандемияи коронавирус, 5-уми ноябри соли 2020 вохӯрии ҷавонони Русияву Тоҷикистон «Русия - Тоҷикистон: сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ» дар шакли онлайн баргузор гардид.

 Аз 29-уми ноябр то 1-уми декабри соли  2021 бошад дар шаҳри Маскав Анҷумани ҷавонони Русияву Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон барои иштирок дар ин чорабинӣ аз ҷониби Русия ва Тоҷикистон интихоб шуда буданд. 

Ташкилкунандагони чорабинӣ Вазорати маориф ва илми Русия, MIREA - Донишгоҳи технологии Русия, Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав оид ба омӯзиши равандҳои иҷтимоию сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ, Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, «Шӯрои миллии Ассотсиатсияҳои ҷавонон ва кӯдакони Русия», Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони лоиҳаҳои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони Русия ва Тоҷикистон буданд. 

Мавзӯъҳои асосии форум фаъолияти роҳбаладӣ, сайёҳии ҷавонон ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ буд. Иштирокчиёни чорабинӣ таваҷҷӯҳи худро ба чорабиниҳо изҳор намуда, ба баргузории минбаъдаи онҳо, бахусус тавассути ҳамкории донишҷӯён изҳори умедворӣ карданд.

Чанде пеш Русия бо мақсади роҳандозӣ намудани рушди маҳорати касбӣ ва тарғиби навоварӣ дар байни ҷавонон ба Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо кард. “Ин барнома аз 1-уми январи соли 2022 роҳандозӣ мешавад” гуфта буд, - сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Ба гуфтаи ӯ, Русия дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ қасд дорад барои ҷавонони фаъоли тоҷик то 350 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад, то онҳо ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд. Асосан, ин имтиёз ба писарону духтарони минтақаҳои Тоҷикистон дахл хоҳад дошт. Сафир ёдовар шуд, ки ин дуюмин лоиҳаи дастгирии ҷавонон дар ин  кишвар мебошад. 

Ҳазорон нафар мутахассисони ояндаи фанҳои техникӣ ва гуманитарии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Русия таҳсил мекунанд. Дар пайи афзоиши теъдоди донишҷӯён, равобити фарҳангӣ ва тиҷоратӣ низ густариш меёбад, зеро Маскав ва Душанбе борҳо аҳаммияти ҳамкориҳои дуҷониба ҳам дар бахши иқтисодӣ ва ҳам маорифро таъкид кардаанд. Русия ва Тоҷикистонро анъанаҳои чандинасраи ҳамкории зич пайваст мекунанд. Иқтидори ҷавонони ду кишвар имкон медиҳад, ки дар оянда ҳамкориҳои мутақобила ба роҳ монда шуда, дар соҳаҳои гуногун робитаҳои устувору дарозмуддати дӯстона ва шарикӣ барқарор ва  идома дода шаванд. 


Баррасии амалкарди раҳбарони тоҷиктабори Афғонистон дар сиёсати ин кишвар



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед