Ru  | Tj
Идораи омори Толибон: Аҳолии Афғонистон тақрибан 35 милён нафар аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Идораи омори Толибон: Аҳолии Афғонистон тақрибан 35 милён нафар аст
Акс: shahraranews.ir

Идораи омори Толибон: Аҳолии Афғонистон тақрибан 35 милён нафар аст

Нашр шуд

Раёсати омор ва иттилоъоти ҳукумати Толибон* эълон кард, ки соли ҷории хуршедӣ (1402) ҷамъияти Афғонистон 34,9 милён нафар тахмин зада мешавад. Дар ин бора вебгоҳи "Иттилоъоти рӯз" хабар дод.

Муҳаммад Ҳалим Рофеъ, сухангӯйи ин ниҳод, дар мусоҳиба бо телевизиёни миллии Толибон гуфтааст, ки 51 дарсади ҷамъияти Афғонистонро мардон ва 49 дарсадро занон ташкил медиҳанд.

Вай дар идома афзудааст, ки барои барӯйхатгирии дақиқ ва стандартӣ дар Афғонистон аз 120 то 150 милён долар лозим аст.

Ниҳоди мазкур дар ибтидои соли гузаштаи хуршедӣ (1401) афзоиши солонаи аҳолии Афғонистонро 2,14 дарсад  ва шумораи умумии аҳоли ин кишварро 34,3 милён нафар, аз ҷумла 17,5 милён нафар мард ва 16,8 милён нафар занон гуфта буд.

Тибқи омори соли гузашта, 70,6 дарсади ҷамъияти Афғонистон дар деҳот ва 8,6 милён нафар, яъне 25 дарсад дар шаҳрҳо ба сар мебаранд.

Бар асоси ин омор, 47,5 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ҷавонони то 15-сола ташкил медиҳанд ва тибқи ин омор аҳолии Афғонистон ҷавон аст. Ба гуфтаи ин ниҳод,  49,7 дарсади аҳолии Афғонистонро мардуми синни қобили кор ташкил медиҳад.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед