Ru  | Tj
Имсол Тоҷикистон ба маблағи 76 миллион сомонӣ маводи доруворӣ содирот кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имсол Тоҷикистон ба маблағи 76 миллион сомонӣ маводи доруворӣ содирот кардааст
Акс: Asia-Plus

Имсол Тоҷикистон ба маблағи 76 миллион сомонӣ маводи доруворӣ содирот кардааст

Нашр шуд

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ​ аз ҷониби ширкатҳои дорусозии кишвар зиёда аз 700 тонна гиёҳҳои шифобахш коркард гардида, ба маблағи умумии 76 миллион сомонӣ маводи доруворӣ содирот шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ ва маъмурии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва таҷлил аз Рӯзи дониш дар мавриди фаъолияти ширкатҳои фармастевтии кишвар низ ибрози назар кард.

Сарвари давлат аз ҷумла гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи тандурустӣ таъминот бо доруворӣ ва бо истифода аз захираву имкониятҳои дохилӣ ба роҳ мондани истеҳсоли дору ва молҳои тиббии ватанӣ ба шумор меравад.

Зикр шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ соли 2021 ба кишвар ба маблағи умумии 1 миллиард сомонӣ доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум 500 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Президенти кишвар таъкид дошт, ки бо дарназардошти вазъи зикршуда​ баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин эълон гаштааст
.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки айни замон дар кишвар дар 53 корхона истеҳсоли зиёда аз 308 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст ва дар се соли охир ба маблағи 152 миллион сомонӣ маводи аз растаниҳои шифобахш истеҳсолшуда ва дорувории истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Роҳбари давлат дар идома баëн намуд, ки ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд, зеро Тоҷикистон бо захираҳои фаровони гиёҳҳои шифобахши худ имконияти бамаротиб зиёд намудани содироти маводи аз лиҳози экологӣ тоза ва табииро дорад.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи рушди дорусозии ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Аз ҷумла, аз ҷониби Ҳукумат соли 2020 «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» қабул карда шуда буд, ки мақсади асосии он таъмин намудани рушди устувори саноати дорусозӣ ва дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мебошад.


Тоҷикистон соли гузашта 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед