Ru  | Tj
Тоҷикистон соли гузашта 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон соли гузашта 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст
Акс: Avesta.tj

Тоҷикистон соли гузашта 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст

Нашр шуд

Вазири кишоварзӣ гуфт, ки соли гузашта Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ ба маблағи 36 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст.

Ба гузориши Halva.tj, Саъдӣ Каримзода, Вазири кишоварзии Тоҷикистон дирӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод аз афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта хабар дод.

Каримзода гуфт, ки Тоҷикистон соли 2021-ум ба кишварҳои хориҷ ҳудуди 208 ҳазор тонна маҳсулот содирот намудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2020-ум 79 ҳазор тонна бештар мебошад.

Вазир дар тавзеҳи ин матлаб афзуд, ки афзоиши ин нишондиҳанда дар пайи зиёд шудани ҳаҷми содироти пиёз дар ҳаҷми шаш ҳазор тонна, меваи хушк беш аз 25 ҳазор тонна ва меваҳои тару ангур беш аз 43 ҳазор тонна ба даст омадааст.

Ба гуфтаи Вазир, интизор меравад имсол низ ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа афзоиш ёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки барои афзоиши ҳосил то оғози соли равон дар майдони беш аз 120 ҳазор гектар кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шудааст.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бештар ба Русия ва дигар кишварҳои ИДМ маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунад.

Қаблан сомонаи расмии Росселхознадзори Русия ҳам хабар дода буд, ки дар соли 2021 ҳаҷми содироти меваву сабзавот аз Тоҷикистон дар қиёс ба 4,8 ҳазор тоннаи соли гузашта 38 дарсад афзудаву ба 6,7 ҳазор тонна баробар гаштааст.

Дар чанд соли охир Тоҷикистон талош дорад, ки ба бозори маҳсулоти кишовразии Чин роҳ ёбад. Эмомалӣ Раҳмон тобистони имсол дар мулоқот бо Ван И, Вазири корҳои хориҷии Чин ба масъалаи ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои ин кишвар махсус таъкид карда буд.


Тоҷикистон содироти меваву сабзавот ба Русияро ба таври назаррас афзоиш дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед