Ru  | Tj
Имзои лоиҳаи ҷадид: Рафтуомади байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон осон карда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имзои лоиҳаи ҷадид: Рафтуомади байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон осон карда мешавад
Акс: Интернет

Имзои лоиҳаи ҷадид: Рафтуомади байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон осон карда мешавад

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи протоколиеро тасдиқ кард, ки интизор меравад, омадурафти шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба қаламрави кишварҳои ҳамдигар осон ва бидуни қайд кунад.

Бар асоси созишномаи зикргардида ба созишномаи бо Ҳукумати Ӯзбекистон аз 9-уми марти соли 2018, дар мавриди сафари тарафайни шаҳрвандон тағйирот ворид мегардад.

Аз ҷумла ба созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди омадурафти шаҳрвандон банди нав дохил мегардад, ки дар он таъкид шудааст, шаҳрвандони ду кишвар ҳангоми омадурафт ба қаламрави ҳамдигар тайи 10 рӯзи корӣ баъди гузаштан аз марз аз сабту қайди муваққатӣ дар мақомоти дахлдор озод карда мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар назар дошта шудааст.

Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент – Булунғур-Ҷомбой роҳи оҳан месозанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед