Ru  | Tj
Интиқоли пул аз Русия ба Қирғизистон 16,9% афзоиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Интиқоли пул аз Русия ба Қирғизистон 16,9% афзоиш ёфтааст
Акс: Аз манбаъҳои боз

Интиқоли пул аз Русия ба Қирғизистон 16,9% афзоиш ёфтааст

Нашр шуд

Русия аз рӯи ҳаҷми интиқоли пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ба Қирғизистон дар мақоми аввал аст.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Қирғизистон ҳудуди 2,1 миллиард доллар аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқоли пулӣ ворид шудааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли гузашта 16,9 дарсад зиёд аст, гуфта мешавад дар омори Бонки миллии Қирғизистон.

Ҳамин тариқ, ин рақам ба ҳаҷми рекордии соли 2022, ки дар нуҳ моҳи ҳамон сол аз Русия ба Қирғизистон 2,2 миллиард доллар интиқол шуда буд, наздик аст.

Бояд гуфт, ки Русия ба таври суннатӣ аз рӯи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Қирғизистон дар ҷои аввал аст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 93,3 дарсади ҳаҷми интиқолоти пулӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Қирғизистон ба Русия рост меояд.

Дар умум тибқи иттилои Бонки миллии Қирғизистон, дар нӯҳ моҳи соли 2024 аз хориҷ ба ин кишвар ба маблағи 2,25 миллиард доллар пул ворид шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 322 млн доллар ё худ 16,7%  бештар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед