Ru  | Tj
КБО барои Бозиҳои олимпии Париж-2024 системаи интихобиро тасдиқ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

КБО барои Бозиҳои олимпии Париж-2024 системаи интихобиро тасдиқ кард
Акс: sostav.ru

КБО барои Бозиҳои олимпии Париж-2024 системаи интихобиро тасдиқ кард

Нашр шуд

Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) барои Бозиҳои олимпии Париж-2024 тағйирот дар вазнҳои варзишҳои намуди бокс ва вазнбардорӣ ворид карда шуд.

Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар Олимпиадаи Париж-2024 дар намуди варзиши вазнбардорӣ 120 квота ихтисос дода шудааст.

Ба таъкиди манбаъ занон ва мардҳо дар дар ин бозиҳо 5 категорияи вазнӣ доштанд, ки 4 вазнро КБО бекор кардааст.

Гуфта мешавад, дар Париж-2024 рақобати занон дар вазнҳои 49кг, 59кг, 71кг, 81кг ва +81кг ва мардҳо дар вазнҳои 61кг, 73кг, 89кг, 102кг ва +102кг доир хоҳад шуд.

Ба тавзеҳи КБО бокс бори нахуст дар Бозиҳои олимпӣ аз ҷиҳати иштироки варзишгарон ба баробарии пурраи гендерӣ хоҳад расид ва интизор меравад, ки дар ин намуди варзиш 124 мард ва 124 зан иштирок варзанд.

Ҳамчунин, дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардҳо-51кг, 57кг, 63,5кг, 71кг, 80кг, 92кг ва +92кг ва шаш вазн миёни занон - 50кг, 54кг, 57кг, 60кг, 66кг ва 75кг муайян гардидааст.

Зимнан, аз тарафи Шӯрои иҷроияи КБО барои бозиҳо формати мусобиқаҳои тирандозӣ қабул шудааст.

Ба таъкиди манбаъ, рӯихати тасдиқшудаи КБО барои ҳамаи 32 намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳафтаи оянда дастраси омма хоҳад шуд.

Қобили қайд аст, чанбе қабл КБО эълон дошта буд, ки дар ду намуди варзиш (бокс ва вазнбардорӣ) адади квотаҳо барои варзишгарон коҳиш дода мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 ҷойҳо дар вазнбардорӣ аз 260 квота ва дар Токио-2020 аз 196 квота иборат буданд. Ҳоло миқдори квотаҳо ба 120 адад коҳиш дода шудааст.


Роҳхати чорум. Комроншоҳ ҳам ба Бозиҳои олимпии Токио меравад


 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед