Ru  | Tj
Хадамоти матбуоти Президент гуфт, ки тар Суғд чанд сар асп парвариш карда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хадамоти матбуоти Президент гуфт, ки тар Суғд чанд сар асп парвариш карда мешавад
Акс: Интернет

Хадамоти матбуоти Президент гуфт, ки тар Суғд чанд сар асп парвариш карда мешавад

Нашр шуд

Айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз ҳаштуним ҳазор асп парвариш меёбад. 

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд дар “Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фестивал-намоиши чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли ширу гӯшт, шутур, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ боздид кард.

Манбаъ гуфтааст, ба ин мавзеъ даҳҳо намуди чорвои калон, гӯсфанду буз, асп, шутур, шутурмурғ ва дигар анвои парандаҳо, ки  дар 18 шаҳру навоҳии Суғд парвариш карда мешаванд, оварда шуда буданд.

Хадамоти матбуоти Президент таъкид намудааст, ки дар натиҷаи татбиқи амалии стратегияҳои алоҳида рушди бахши чорводорӣ дар вилоят марҳила ба марҳила таъмин мегардад.

Аз ҷумла ин манбаъ хабар додааст, ки айни замон дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ дар вилояти Суғд ҳудуди 8 ҳазору 575 сар асп парвариш меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта барои анҷоми як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд. Хадамоти матбуоти Президент гуфтааст, ҳадаф аз ин сафари кории Президент иштирок дар ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи якчанд иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун  аст. 

Давоми ду рӯз  Президент дар Суғд чандин корхонаҳои нави саноатӣ, муассисаҳои томактабӣ ва боғҳои фароғативу интенсивиро ифтитоҳ намуд.



Дар Левакант осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон таъсис меёбад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед