Ru  | Tj
Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон 3 миллион доллар грант ҷудо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон  3 миллион доллар грант ҷудо кард
Акс: Интернет

Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон 3 миллион доллар грант ҷудо кард

Нашр шуд

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Саттор Қаҳҳорзода ва иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи Блоки лоиҳаи EFSD Андрей Широков созишномаи грантии мувофиқро имзо намуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд (EFSD), маблағи грантӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи ташхиси мобилии коронавирус ба Тоҷикистон равона гардидааст.

Гуфта мешавад, ки бо роҳи баланд бардоштани сатҳи таъмини воситаҳои зарурии техникии тиббӣ метавон зидди COVID-19 ва пайомадҳои пандемия мубориза бурд ва лоиҳаи мазкур маҳз ба ҳамин мақсад пешбинӣ шудааст.

Хосатан, бо маблағи грант 5 озмоишгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ (MSEL), ҳамчунин ҳудуди 20 ҳазор тест барои гузарондани озмоиши ройгони COVID-19 дар байни аҳолии Тоҷикистон харидорӣ карда мешавад.

Озмоишгоҳҳо бо нерӯи барқ, об, системаи гармидиҳӣ, кондитсионер ва дигар шароитҳои ҳаётан муҳим муҷаҳҳаз мегарданд.

Илова бар ин, лабораторияи сайёрро метавон ҳамчун озмоишгоҳи мустақил, новобаста аз муассисаҳои тиббӣ, дар ҷойҳои оммавӣ истифода бурд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаҳои EFSD, ки ба муқобили COVID-19 ва оқибатҳои он нигаронида шудаанд, дар Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон низ роҳандозӣ мегарданд.




Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА хост, ки дастгириҳои молии кишварро афзоиш диҳанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед