Ru  | Tj
Хизаматрасониҳои электронӣ ба андозсупорӣ уҳдадор мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хизаматрасониҳои электронӣ ба андозсупорӣ уҳдадор мешаванд
Расм аз М24.ru

Хизаматрасониҳои электронӣ ба андозсупорӣ уҳдадор мешаванд

Нашр шуд

Имрӯз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иловаҳо ба Кодекси андоз қабул кард, ки ҳамаи хизаматрасониҳои электронӣ ба андозсупорӣ уҳдадор мешаванд. 

Тавре Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар муаррифии тағйирот дар парлумон гуфт, боби алоҳида барои ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони хориҷӣ равона шудааст, ки тавассути интернет дар Тоҷикистон хизмат мерасонанд. 

Сабаби андозбандии чунин ширкатҳо ин рушди технология, зиёд шудани хариду фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои электронӣ  тавассути шабакаҳои интернет аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ мебошад.

Иловаҳои мазкур ба моддаи 193 замимаи 1 ворид карда шуд ва тибқи моддаи 193 замимаи 2 шахси хориҷӣ бояд дар 20 рузи тақвимӣ аризаи электронии худро барои фаъолият пур кунад. Ҳамаи маълумотҳо оиди самтҳои фаъолиятҳои электронӣ дар моддаи 193 замимаи 5 шарҳ дода шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед