Ru  | Tj
Кишоварзони Тоҷикистон имсол нақша доранд, ки зиёда аз 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кишоварзони Тоҷикистон имсол нақша доранд, ки зиёда аз 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд
Акс: Sputnik

Кишоварзони Тоҷикистон имсол нақша доранд, ки зиёда аз 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд

Нашр шуд

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ кишоварзони вилояти Хатлон то ҳол ҳудуди 9500 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар ин росто гуфта мешавад, дар вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Тибқи иттилои мавҷуда, имсол дар ҷумҳурӣ бояд дар 186 ҳазор гектар замин пунбадона кишт карда мешуд. Вале ин дурнамо амалӣ нагардид.

Гуфта мешавад, дар  шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба ҷойи 186 ҳазор гектар танҳо дар 181 ҳазору 589 гектар чигит кишт карда шуд.

Ҳамчунин аз шумораи умумии майдони киштшуда 57 199 гектар ба вилояти Суғд, 121 741 гектар ба вилояти Хатлон  ва 2689 гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахтаро “тиллои сафед” унвон дода, ҳамасола барои кишту ҷамъоварии он таваҷҷуҳи вижа равона мекунанд.


Тоҷикистону Ӯзбекистон густариши ҳамкорӣ дар самти коркарди пахтаро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед