Ru  | Tj
Тоҷикистону Ӯзбекистон густариши ҳамкорӣ дар самти коркарди пахтаро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Ӯзбекистон густариши ҳамкорӣ дар самти коркарди пахтаро баррасӣ карданд
Акс: Sputnik

Тоҷикистону Ӯзбекистон густариши ҳамкорӣ дар самти коркарди пахтаро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили марбут ба роҳандозии ҳамкориҳо дар заминаи саноати сабук, аз ҷумла коркарди пахтаро баррасӣ карданд. 

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нав дар Хуҷанд  бо Меҳриддин Юсупов, мудири кулли ширкати «Пахтакор Голд Текстил»-и Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ анҷом дода ва масоили ҳамкориҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. 

Раиси вилояти Суғд дар ин мулоқот аз ҷумла зикр кард, ки робитаҳои ду кишвар дар бахшҳои гуногун рушд меёбанд ва дар заминаи саноат низ то имрӯз собиҳкорони тоҷику ӯзбек чандин корхонаи муштарак таъсис намудаанд. 

Аҳмадзода аз зарфияти бузурги вилоят дар самти коркарди пахта маълумот додаву афзуд, ки тарафҳо дар ин бахш метавонанд корҳои назаррасеро амалӣ намоянд.
Меҳриддин Юсупов мақомдорони тоҷикро аз фаъолияти корхонаи «Пахтакор Голд Текстил» огоҳ намуд ва барои амалисозии тарҳҳои муштарак изҳори омодагӣ кард. 
Бояд гуфт, ки «Пахтакор Голд Текстил» корхонаи бузурги коркарди пахта ва истеҳсоли нах дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аст. Ин ширкат фаъолияти худро соли 2019 оғоз намуда, солона то 5000 тонна нахи баландсифати пахта тавлид менамояд. 

Тоҷикистон солҳои охир ба масъалаи саноатикунонии кишвар аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Рушди саноат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудаву Президенти кишвар солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” унвон кардааст. 

Тоҷикистону Туркия дар Анқара ба густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид намуданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед