Ru  | Tj
Китоби Эмомалӣ Раҳмон ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва дар Тошканд муаррифӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Китоби Эмомалӣ Раҳмон ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва дар Тошканд муаррифӣ гардид
Акс: Интернет

Китоби Эмомалӣ Раҳмон ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва дар Тошканд муаррифӣ гардид

Нашр шуд

Дирӯз бо сарпарастии собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон С. Имомӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар бинои Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст, муаррифӣ гардид.

Мувофиқи маълумоти сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, Директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, ректори Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия, мудирони кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои Ӯзбекистон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” ва дигарон ширкат варзиданд.

Бояд гуфт, ки китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик, нақши ин халқ дар ба вуҷуд омадани тамаддун дар Осиёи Марказӣ, ҳаёту зиндагии гузаштагони халқи тоҷик ва ғайра бахшида шудааст.

Тақсими китоби “Тоҷикон” аз Ванҷ оғоз шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед