Ru  | Tj
Тақсими китоби “Тоҷикон” аз Ванҷ оғоз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тақсими китоби “Тоҷикон” аз Ванҷ оғоз шуд
Расм аз Khovar.tj

Тақсими китоби “Тоҷикон” аз Ванҷ оғоз шуд

Нашр шуд

Нурали Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, тақсимоти китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бар души худ гирифтааст. Қисми нахустини китобҳо ба ноҳияи Ванҷ расонида аз онҷо ба 4408 хонавода тақсим хоҳад шуд. 

Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд, ки онҳо тамоми чораҳоро дидиаанд, ки аз фурӯш ва ё хилофкориҳо дар тақсими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба мардум пешгирӣ кунанд.

Ташаббуси мазкур баҳри баланд бардоштани ҳуввияти мардум ва алалхусус дар миёни ҷавонон ҳамчун ҳадяии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим мешавад.

Ин иқдом моҳи декабри соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳарсолаи худ ба порлумон дастур доданд, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз нав нашр шуда, ба ҳар хонавода дар Тоҷикистон бепул ҳадя карда шавад.

Инчунин шакли электронии китоби “Тоҷикон” низ бо тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ омода карда шудааст ва дар саҳифаҳои илмиву фарҳангӣ ва китобхонаҳо ҷой карда мешавад.

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA мақоми худро беҳтар намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед