Ru  | Tj
Комроншоҳи Устопириён ба корномаи варзишии худ хотима бахшид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Комроншоҳи Устопириён ба корномаи варзишии худ хотима бахшид
Акс: аз манбаъҳои боз

Комроншоҳи Устопириён ба корномаи варзишии худ хотима бахшид

Нашр шуд

Бозиҳои олимпии Порис-2024 охирин мусобиқа дар корномаи Комроншоҳи Устопириён ҷудокори шинохтаи тоҷик буд.

Ҷудокори шинохтаи Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён пас аз рақобат дар Бозиҳои олимпӣ ба корномаи варзишии худ хотима бахшид.

Дар ин бора хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ дод.

Бояд гуфт, ки Комроншоҳи Устопириёни 31-сола давоми фаъолият дар намуди варзиши самбо (5 маротиба), гӯштини қазоқӣ (1 маротиба) ва гӯштини кураши узбекӣ (1 маротиба), дар маҷмуъ 7 маротиба қаҳрамони ҷаҳон шудааст.

Гуфта мешавад, ки Комроншоҳи Устопириён аз 3-солагӣ тамринро оғоз карда, аввал ба гӯштини самбо ва баъдан ба ҷудо машғул гардид. Дар намуди варзиши самбо низ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ расида, ду маротиба байни наврасон ва ду маротиба байни ҷавонон чемпиони ҷаҳон гардидааст. Инчунин як маротибаи дигар байни ситорагони самбо ғолиб омадааст.

Комроншоҳ аз соли 2012 ба гӯштини ҷудо рӯ овард. Дар риштаи ҷудо низ Устопириён 4 маротиба ғолиби Гран При ва 2 маротиба қаҳрамони Осиё шудааст.

Инак Комроншоҳи Устопириён корномаи варзишиашро ба анҷом расонид. Бозиҳои олимпии Порис-2024 охирин мусобиқа дар корномаи ин ҷудокори соҳибноми тоҷик буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед