Ru  | Tj
Коршинос: "Раёсатӣ дар СҲШ ва СААД метавонад барои Тоҷикистон таъсири мусбат расонад"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Коршинос: "Раёсатӣ дар СҲШ ва СААД метавонад барои Тоҷикистон таъсири мусбат расонад"
Расм аз сайти odkb-csto.org

Коршинос: "Раёсатӣ дар СҲШ ва СААД метавонад барои Тоҷикистон таъсири мусбат расонад"

Нашр шуд

Азиз Раҳмонов, дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи Славянии Россия-Тоҷикистон, директори Маркази омӯзиши минтақаҳои ҷаҳонӣ дар мусоҳиба бо АМИТ Ховар дурнамои раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ва СААД ва инчунин эълон шудани Душанберо ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ арзёбӣ кард.

Соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ раисӣ мекунад. Инчунин, раёсати СААД аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. Ба ин муносибат, соли оянда дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви СААД ва ҷаласаи Шӯрои маҷлиси парлумонии СААД баргузор мешавад.


Коршинос қайд кард, ки боиси хушнудист, ки на танҳо сарони СААД, СҲШ, кишварҳои узви ИДМ, балки аз бисёр кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва пойтахти фарҳангии ИДМ эълом шудани шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон меоянд. Ин метавонад ба Тоҷикистон таъсири хеле мусбат расонад.

Коршинос изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ сармоягузории назарраси молиявиро интизор мешавад.

Инчунин, ба шарте ки сатҳи пандемия каме коҳиш ёбад, соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад ва сайёҳони зиёде чун пештара ба Тоҷикистон омадан мегиранд. Барои Тоҷикистон 4-5 миллион меҳмон дар дурнамо басанда аст. Он гоҳ ҷумҳурӣ дивидендҳои калон ба даст меорад ва бахши туризм бо тамоми нерӯ кор хоҳад кард. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷойҳои нави корӣ таъмин мекунад.

Ғайр аз он, Раҳмонов таъкид кард, ки яке аз мушкилоти мубрамтарин дар сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ ҳалли худро ёфта метавонад - ҳалли қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон.

Аъзоёни СААД пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории ҷаласа дар Тоҷикистонро пазируфтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед