Ru  | Tj
Кӯмакпулиҳои яквақта барои ниёзмандони Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кӯмакпулиҳои яквақта барои ниёзмандони Тоҷикистон
Расм аз Tojnews.org

Кӯмакпулиҳои яквақта барои ниёзмандони Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷа дар доираи фармони президент кӯмакпулии яквақта пардохт мекунанд.

Фармони мазкур "Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби Президент 5 июни соли равон ба имзо расид. 

Кӯмакҳои яквақтаи мақсадноки иҷтимоӣ аллакай ба зиёда аз 390 ҳазор оилаҳои камбизоат, пиронсолони танҳо, маъюбон, ятимон ва бепарасторон, инчунин хориҷиёни камдаромад, гурезагон пардохт карда шуданд. 

Миқдори маблағҳои ҷудошуда то 17 ноябри соли равон тақрибан 175 миллион сомониро ташкил дод, ки беш аз 156 млн. (ё 15 $ млн.) сомониро шахсони мухотаб гирифтанд. 

Тақрибан 35% ин маблағҳоро мухотабон дар Хатлон, тақрибан 31% - дар Суғд, 23% - дар ноҳияҳои тобеи марказ, беш аз 7% - дар Душанбе ва каме бештар аз 4% - дар ВМКБ рост меояд. 

Тибқи нақшаи пешниҳодшуда аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, ба тақрибан 437,4 ҳазор оилаҳои камбизоат, пиронсолони танҳо, маъюбон, ятимон, кӯдакони бепарастор ва хориҷиёни камбизоат, ки мақоми гуреза доранд, кӯмаки яквақтаи мақсаднок расонида мешавад. 

Ғайр аз ин, моҳи майи соли равон бо қарори ҳукумат механизми нави таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат тасдиқ карда шуд. 

Идомаи таъиноти кадрӣ дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед