Ru  | Tj
Маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби муайян танзим шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби муайян танзим шуд
Акс: news.tj

Маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби муайян танзим шуд

Нашр шуд

Сокинони манотиқи Тоҷикистон аз 11-уми март дар шабонарӯз 8 соат барқ дарёфт хоҳанд кард.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” реҷаи интиқоли барқ ба манотиқи Тоҷикистонро танзим кард, ки тибқи он сокинон 4 соат субҳ ва 4 соат шом бо неруи барқ таъмин мешаванд.

Дар ин замина Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” фармоне содир карда, ба ҳама намояндагиҳои ин ширкат дар манотиқи Тоҷикистон ирсол кардааст. Матни ин фармони раҳбарияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ахиран дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шуд.

Дар ин фармон гуфта мешавад, ки аз 11-уми марти соли 2024 то лағви маҳдудиятҳо аҳолӣ аз соати 4:00 то 8:00 ва аз соати 17:00 то 21:00 бо неруи барқ таъмин карда шаванд.

Ҳамчунин таъкид карда мешавад, ки барои риояи меъёри сарбории шабакаи энергетикӣ роҳбаронро зарур аст, ки ҳаҷми истифодаи неруи барқ ва муҳлатҳои маҳдудиятро зери назорати қатъӣ гиранд. Ҳамчунин ҷадвали пешниҳодшуда ва тавсияҳои Хадамоти танзимкунандаи ҶСК «Барқи тоҷик»-ро низ бояд риоя кунанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 1-уми март соати 11:10 дар шабакаи барқи Тоҷикистон садамаи ҷиддӣ рух дод, ки дар баробари қатъи неруи барқ интиқоли гармӣ ва об низ мутаваққиф шуда, алоқаи мобилӣ ва интернет низ барои як муддат қатъ шуд.

Таъмини неруи барқ танҳо пас аз беш аз се соат барқарор шуд, аммо рӯзҳои баъдӣ дар таъмини гармӣ мушкилот ба вуҷуд омад. Баъдан маълум шуд, ки ба истиснои ВМКБ тақрибан дар тамоми қаламрави Тоҷикистон барқ якбора қатъ шудааст.

ҶСК «Шабакаҳои тақсимотӣ дар шаҳри Душанбе» сабаби ин ҳодисаро садамаи фанноварӣ дар хатҳои асосии баландшиддати Тоҷикистон шарҳ дод.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед