Ru  | Tj
Маҳсули тарроҳони тоҷик дар саҳнаи Бишкек

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҳсули тарроҳони тоҷик дар саҳнаи Бишкек
Расм аз Азия-плюс

Маҳсули тарроҳони тоҷик дар саҳнаи Бишкек

Нашр шуд

Тарроҳони машҳури Тоҷикистон Нафиса Имранова ва Сулҳия Ғуломова дар намоиши тарроҳии “Burana fashion week” дар пойтахти Ҷумҳурии Қрғизистон иштирок намуда, маҳсули дасти худро пешниҳод намуданд.

Озмуни Burana fashion week санаи 4, 5, 6 феврал дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ки дар он тарроҳони Тоҷикистон 15 либосҳои духтаи худро намоиш доданд. Ин аввалин намоиши муд дар минтақа баъд аз сар задани коронавирус мебошад.

Чихеле, ки Тоҳир Иброҳимов роҳбари Tajikistan Fashion Week мегӯяд, либосҳо бо услуби Аврупои  ва нақшу нигори миллӣ духта шудаанд ва онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд баҳори имсол дар намоиши  Tajikistan Fashion Week тамошо кунанд. 

Дар ин намоишнома тарроҳони Қирғизистон низ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҳафтаи муд дар Тоҷикистон: 5 тарроҳони ки сазовори таваҷҷуҳанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед