Ru  | Tj
Маросими супоридани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиш

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маросими супоридани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиш

Маросими супоридани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиш

Нашр шуд

Маросими супоридани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиш,ки аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, дар он  имсол 6 нафар варзишгари тоҷик барои натиҷаҳои ба даст овардаашон дар сабқатҳои варзишии ҷаҳонии соли 2020 пешнищод шудаанд. 

Эҳтимол дар байни номзадҳо иштирокчиёни ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар Новий Сади Сербия  баргузор гардид бо ба даст овардани медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар Ҷоми Ҷаҳон оид ба ҷудо Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Комроншоҳи Устопириён шомил мебошанд.

Тавре корманди Кумитаи ҷавонон хабар дод, маросими ҷоиза супорӣ то 18 декабр метавонад баргузор гардад. 

Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соли 2015 таъсис дода шуда, шумораи гирандагони ҷоиза дақиқ нест ва метавонад ҳар сол иваз ёбад. Ҳаҷми мукофоти пулӣ аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст. 

Имсол, ки бар асари ҳамагирии коронавирус аксари мусобиқоти варзишии байнламилалӣ, бо шумули мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон лағв шуданд, ки мутаносибан дастовардҳои варзишгарон ҳам дар сабқатҳои ҷаҳонӣ камтаранд.

Онлайн намоишгоҳи "Made in Tajikistan - 2020"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед