Ru  | Tj
Масъалаи ташкили барномаҳои фарҳангии муштараки Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Масъалаи ташкили барномаҳои фарҳангии муштараки Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Акс: Интернет

Масъалаи ташкили барномаҳои фарҳангии муштараки Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид

Нашр шуд

Дирӯз сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар Теҳрон бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Муҳаммад Маҳдӣ Исмоилӣ дидор намуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши робитаҳои фарҳангии ду кишварро баррасӣ намуданд.

Таъкид мегардад, ки ҳангоми мулоқот Зоҳидӣ ва Исмоилӣ пешниҳод намудаанд, ки бо иштироки аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистону Эрон сафарҳову барномаҳои ҳунарии муштарак роҳандозӣ карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2021 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ҳашт санади нави ҳамкориро дар Душанбе ба имзо расониданд.


Вазорати маориф аз Ҷопон хост, ки бурсияҳои таҳсилӣ ба ҷавонони тоҷикро зиёд кунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед