Ru  | Tj
Вазорати маориф аз Ҷопон хост, ки бурсияҳои таҳсилӣ ба ҷавонони тоҷикро зиёд кунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Вазорати маориф аз Ҷопон хост, ки бурсияҳои таҳсилӣ ба ҷавонони тоҷикро зиёд кунад
Акс: Кабар

Вазорати маориф аз Ҷопон хост, ки бурсияҳои таҳсилӣ ба ҷавонони тоҷикро зиёд кунад

Нашр шуд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хостори зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои касбии Ҷопон шуд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, роҳбари ин ниҳод Муҳаммадюсуф Имомзода дар мулоқоташ бо Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео ин матлабро баён дошт. 

Имомзода зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илм ба тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷопон  дар заминаи илм ва омӯзиш таваҷҷӯҳи махсус дорад. 

Вазири тоҷик афзуд, ки макотиби олии кишвар бо муассисаҳои олии Ҷопон, аз ҷумла донишгоҳҳо Акита, Чиба ва Васеда ҳамкориҳои самарбахш роҳандозӣ кардаанд ва ҳамасола донишҷӯёни тоҷик тавассути бурсияи таҳсилии  MEXТ  барои таҳсил ба ин мамлакат фиристода мешаванд. 

Такасака Мунео гуфт, ки аз ҷониби JICA барномаи омӯзишии «Ҷопоншиносӣ» таҳия шудааст ва мақсади он паҳн намудани таҷрибаи тавсеаи Ҷопон тавассути омӯзиши роҳбарони ояндаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ мебошад.

Ин барномаи омӯзишӣ таҳти унвони «7 боби навсозии Ҷопон» айни замон дар 11 кишвари дунё роҳандозӣ гашта, дар назар аст, ки дар 43 давлати дигар, аз ҷумла Тоҷикистон  низ амалӣ гардад.

Баррасии зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ ба ҷавонони тоҷик аз сӯи давлати Ҷопон дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар беш аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун ба илмомӯзӣ машғуланд.  

Бояд гуфт, ки дар ду донишгоҳи Тоҷикистон - Донишкадаи давлатии забонҳо ва Донишгоҳи славянӣ омӯзиши забони ҷопонӣ ба роҳ монда шудааст ва се сол пеш Ҷопон дар Тоҷикистон 3 мактаби миёна сохта буд.


Дабири кулли КМО-и Тоҷикистон ордени Шӯрои олимпии Осиёро соҳиб гашт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед