Ru  | Tj
Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ интихоб гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ интихоб гардид
Акс: ASIA-Plus

Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ интихоб гардид

Нашр шуд

Муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ба иттлиои Кумитаи миллии олимпӣ, Мавзуна Чориева 11-уми январ дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон директори генералии ин кумита интихоб шуд.

Гуфта мешавад, ин ҷаласа таҳти раёсати ноиби Президенти Кумита Абдулло Раҳмонзода баргузор шудааст.

Чанде қабл Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ ва Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ноибони президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шуда буданд. Онҳо дар ин мақом Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибовро иваз карданд.

Бояд гуфт, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст.

Мавзуна Чориева ҳанӯз даҳ сол қабл дар Бозиҳои олимпии Лондон медали биринҷӣ ба даст овардаву миёни мардуми кишвар аз маҳбубияти камназире бархӯрдор шуда буд.

Вай ҳамчунин аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият дошт.

Расонаҳо навиштаанд, ки аз интихоби Чориева ба ин мақом Зебуниссо Рустамова, камонвари маъруфи кишвар, ки қаҳрамони ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ аст, истиқбол кардаву гуфтааст, ки умедвор аст, варзиш миёни бонувони тоҷик рушд меёбад.


Кумитаи миллии олимпӣ: Танҳо як варзишгари тоҷик ба Бозиҳои паралимпии Токио меравад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед