Ru  | Tj
Мулоқоти сарвазирони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Хуҷанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мулоқоти сарвазирони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Хуҷанд
Фото: пресс-служба председателя Согдийской области

Мулоқоти сарвазирони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Хуҷанд

Нашр шуд

Сарвазири  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон рӯзи 24-уми апрел  ташриф оварда буд, бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.

Дар мулоқоти сарвазирон равобити сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм, фарҳанг, содироту воридоти  маҳсулот, тандурустӣ, роҳи оҳан, гумрук, энергетика  ва дигар бахшҳоро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Ҳамчунин сарвазирон оид ба афзун намудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, бунёди коргоҳу корхонаҳои  истеҳсолӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун масъалагузорӣ намуданд.


Суғд ва Фарғона: байни минтақаҳои сарҳадӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед