Ru  | Tj
Суғд ва Фарғона: байни минтақаҳои сарҳадӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Суғд ва Фарғона: байни минтақаҳои сарҳадӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Суғд ва Фарғона: байни минтақаҳои сарҳадӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Нашр шуд

22-уми апрел миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғона и Ӯзбекистон — шаҳри Конибодом  ва ноҳияи Бешариқ, шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бувайда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Данғара, шаҳри Исфара ва ноҳияи Ӯзбекистон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи  Учкӯприк меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Дирӯз дар Театри вилоятии ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст» бизнес-форуми минтақавӣ баргузор гардид.

Дар кори бизнес-форум роҳбарони вилоятҳои Суғд,  Фарғона ва Ботканд, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии се вилояти ҳаммарз ширкат доштанд.


Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Украина бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи маҳсулот тақвият меёбад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед