Ru  | Tj
Муовини Сарвазири Ӯзбекистон дар Кобул бо Сарвазири Толибон мулоқот кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муовини Сарвазири Ӯзбекистон дар Кобул бо Сарвазири Толибон мулоқот кард
Акс: Surush

Муовини Сарвазири Ӯзбекистон дар Кобул бо Сарвазири Толибон мулоқот кард

Нашр шуд

Ҳайати олирутбаи Ӯзбекистон ба Кобул сафар намудааст.

Ҳайати Ӯзбекистонро дар майдони ҳавоии Кобул Вазири тиҷорати Толибон* Нуруддин Азизӣ истиқбол гирифтааст.

Умурзақов Сардор Уктамович, муовини Сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва равобити иқтисодии хориҷӣ, ки дар раъси як ҳайати баландпоя вориди Кобул шуд, нимаи дирӯз (22-уми феврал) бо Сарвазири Толибон Мулло Муҳаммад Ҳасан Оҳанд мулоқот кард. Дар ин дидор ду тараф бар зарурати густариши равобит ва ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ва андешидани иқдомоти амалӣ барои иҷрои тарҳҳои муҳимми иқтисодӣ таъкид кардаанд.

Умурзақов Сардор ҳамчунин бо мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини Сарвазири Толибон низ мулоқот кардааст. Тарафҳо тарҳҳои иқтисодӣ, роҳи оҳан, тиҷорат, транзит ва дигар масоилро баррасӣ кардаанд.

Кишвари Ӯзбекистон имрӯзҳо талош дорад, ки бо Толибон равобити хуб дошта бошад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Толибон гуфтанд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед