Ru  | Tj
Муттақӣ эътимоднома аз сафири нави Узбекистон дар Кобулро қабул кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муттақӣ эътимоднома аз сафири нави Узбекистон дар Кобулро қабул кард
Акс: Аз манбаъҳои боз

Муттақӣ эътимоднома аз сафири нави Узбекистон дар Кобулро қабул кард

Нашр шуд

Вазорати хориҷии Толибон* мегӯяд, Амирхон Муттақӣ, раҳбари ин вазорат, эътимодномаи сафири нави Узбекистон дар Афғонистонро қабул кардааст.

Узбекистон Ойбек Усмоновро ба унвони сафири нави худ ба Кобул фиристодааст. Усмонов қаблан сафири Узбекистон дар Покистон буд.

Зиё Аҳмад Такал, муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон* 20 ноябр дар шабакаи X навишт, ки Усмонов ҳангоми ироаи эътимоднома равобити Узбекистон бо Афғонистони таҳти назорати Толибон*-ро бародарона хонд ва ваъда дод, ки дар замони маъмурияти худ барои тавсеаи равобити ду кишвар талош хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, Муттақӣ, фаъолияти сафоратҳо дар пойтахтҳои ду кишварро нишонаи хубе барои пешрафт дар равобити дуҷониба донист ва таъкид кардааст, ки бояд дар заминаи тарҳҳои бузурги иқтисодӣ миёни ду кишвар иқдомоти амалӣ анҷом шавад.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи феврали соли ҷорӣ Узбекистон сафорати Афғонистон дар Тошкандро ба дипломатҳои Толибон* супурд. Дар баробари ин Вазорати хориҷаи Толибон* ахиран аз таъйини Абдулғаффор Баҳр ба мақоми сафири нави ин гурӯҳ дар сафорати Афғонистон дар Тошканд хабар дод.

Бояд гуфт, ки аксари кишварҳои минтақа дипломатҳои Толибон*-ро пазируфтанд ва сафоратҳои худро дар Кобул фаъол нигоҳ доштанд. Аммо бо ин вуҷуд то кунун ҳукумати Толибон* ҳамчун ҳукумати расмии Афғонистон эътироф нашудааст.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед