Ru  | Tj
Музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи сарҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи сарҳад
Расм аз УзТаг

Музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи сарҳад

Нашр шуд

Гуфтушуниди ҳайати кории ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи аломатгузории сарҳад ба анҷом расид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Гурӯҳи кории ду кишвар аз санаи 26 то 30 январ дар якҷоягӣ масъалаҳои сарҳадиро барраси намуда ба хулосае омаданд, ки ҷадвали вохурӣ барои соли 2021 тартиб диҳанд ва корбарии якҷоряро идома диҳанд.

Қаблан масъалаи делимитатсияи сарҳад соли 2019 ба анҷом расида буд ва аломатгузории сарҳадҳо бинобар сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз охири соли 2016 баъд аз сардиҳои зиёд шакли дигар гирифтанд. Шавкат Мирзиёев Президенти кунунии Ӯзбекистон аввалин сафари расмии худро ба Тоҷикистон 9-10 марти сои 2018 сурат гирифт ва ҳамаи мушкилотҳои сарҳадӣ ҳалли худро ёфтанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед