Ru  | Tj
Содироти сангу филизоти қиматбаҳо аз Тоҷикистон 1250 маротиба афзоиш ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Содироти сангу филизоти қиматбаҳо аз Тоҷикистон 1250 маротиба афзоиш ёфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Содироти сангу филизоти қиматбаҳо аз Тоҷикистон 1250 маротиба афзоиш ёфт

Нашр шуд

Ожонси омори вобастаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод, ки дар се моҳи аввали соли равон ин кишвар ба маблағи 297,9 милён долар сангу филизоти гаронбаҳо содир кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар се моҳаи аввали соли гузашта ҳаҷми содироти филизоту сангҳои гаронбаҳо аз Тоҷикистон ҳамагӣ 238 ҳазор доларро ташкил додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, ки ҳаҷми содироти сангу филизоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2024 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта беш аз 1250 маротиба афзудааст.

Дар идома зикр мешавад, ки дар маҷмуъ дар семоҳаи аввали соли 2024 содироти Тоҷикистон ҳудуди 613,6 милён доларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 маротиба бештар аст. 

Ҳамин тавр дар семоҳаи аввали соли равон филизот ва сангҳои гаронбаҳо тақрибан нисфи содироти Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷро ташкил дод.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон тило, нуқра, ҳамчунин сангҳои гуногуни гаpонбаҳо ва нимгаронбаҳо истихроҷ карда мешаванд.  Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, соли гузашта истихроҷи тило дар ин кишвар 7 дарсад зиёд шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед