Ru  | Tj
Намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти "Адиб" дар боғи Рӯдакӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти "Адиб" дар боғи Рӯдакӣ
Акс: Интернет

Намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти "Адиб" дар боғи Рӯдакӣ

Нашр шуд

Нашриёти "Адиб" тасмим гирифтааст, ки китобҳои дар соли 2021 нашр кардаашро имрӯз, 1-уми июн дар боғи ба номи устод Рӯдакӣ ба намоиш ва фурӯш гузорад.

“Муассисаи нашриявии "Адиб" бахшида ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон рӯзи 1-уми июн соати 16:00 дар боғи устод Рӯдакӣ намоиш-фурӯши васеъи китобҳои тозанашрро доир менамояд”, - иттилоъ додааст нашриёти мазкур.

Дар ин намоишгоҳ, ки бо ибтикори нашриёти “Адиб”-и Тоҷикистон баргузор мешавад, китобҳову девони шоирон ва нависандагони номдор ба мисоли Лоиқ Шералӣ, Абдулғафур Абдуҷаббор, Садриддин Айнӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ барои фурӯш дар маърази диди боздидкунандагон қарор хоҳад гирифт.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар намоиш-фурӯш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқи шаҳри Душанбе ва дигар кормандони идораву муассисаҳо иштирок мекунанд.

Нашриёти “Адиб” сеюмин сол аст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи китоб баргузор менамояд.



Путин муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед