Ru  | Tj
Нашри аввалин аксҳо аз иншооти ҳастаии Куриёи Шимолӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нашри аввалин аксҳо аз иншооти ҳастаии Куриёи Шимолӣ
Акс: аз манбаъҳои боз

Нашри аввалин аксҳо аз иншооти ҳастаии Куриёи Шимолӣ

Нашр шуд

Куриёи Шимолӣ барои бори нахуст аксҳо аз таъсисоти ғанисозии урани худро нашр кард, ки дар он раҳбари ин кишвар Ким Чен Ун ин иншоот ва сентрифугаҳои нави онро тафтиш мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Tasnim, Куриёи Шимолӣ имрӯз барои нахустин бор дар таърихи худ аксҳои таъсисоти ғанисозии уран ва сентрифугаҳои воқеъ дар ин иншоотро нашр кард.

Рӯзи 13 сентябр Оҷонсии марказии хабарии Куриё хабар дод, ки раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ун аз Пажӯҳишгоҳи силоҳи ҳастаӣ ва «пойгоҳи тавлиди маводи ҳастаӣ барои силоҳи ҳастаӣ» дидан кардааст. Ин расона аксҳои дохили ин муассисаи ҳастаиро нашр кард.

Ба гузориши хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ, Ким Чен Ун, раҳбари ин кишвар, дар ҷараёни боздидаш аз ин таъсисот ҳамчунин ба афзоиши сентрифугаҳои ғанисозии уран ва тақвияти зерсохтҳо барои сохти таслиҳоти ҳастаии бештар дастур додааст.

 "Таҳдиди ҳастаӣ аз ҷониби империализми Амрико вақтҳои охир хатти сурхро убур кардааст", - гуфт ӯ.
  
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Куриёи Шимолӣ ба тавоноии анҷоми "зарбаи пешгирикунанда" ва таҳкими пойгоҳи дифоии худ ниёз дорад.

Раҳбари Куриёи Шимолӣ аз кормандони ин корхонаи ҳастаӣ даъват мекунад, ки маводи бештар барои силоҳи ҳастаии тактикӣ тавлид кунанд ва гуфт, силоҳҳои ҳастаии ин кишвар барои муқобила бо таҳдидҳои Амрико ва муттаҳидонаш муҳим аст.
 
Бояд гуфт, ки мақоми ҳастаии Куриёи Шимолӣ дар Қонуни асосии ин кишвар зикр шудааст.

Дар ҳамин ҳол арзёбиҳо дар бораи шумораи силоҳҳои ҳастаии Куриёи Шимолӣ хеле мутафовит аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед