Ru  | Tj
Нашри китоби шоири ҷавон аз сӯи Фарҳангистони шеъри ҷаҳон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нашри китоби шоири ҷавон аз сӯи Фарҳангистони шеъри ҷаҳон
Акс: Интернет

Нашри китоби шоири ҷавон аз сӯи Фарҳангистони шеъри ҷаҳон

Нашр шуд

Фарҳангистони шеъри ҷаҳон китоби Бузугмеҳри Ҳаким, шоири ҷавону муваффақи тоҷикро бо номи “Мизроби обшор” ба нашр расонд.

Ба китоб Гулрухсор Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон пешгуфтор навишта, ба муаллиф фотеҳаи роҳ додааст, ки “Ҳусни хатат сабз, шеърат навгонии меҳри Тоҷикистони навин бод”.

Бузургмеҳри Ҳаким соли 1999 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст ва айни замон донишҷӯи риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Намунаи шеърҳояш дар матбуоти даврӣ пайваста ба нашр расида, барандаи Ҷоизаи адабии “Падида” –и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Соли 2014 нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Сапедадами орзу” ба табъ расида буд.



Намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти "Адиб" дар боғи Рӯдакӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед