Ru  | Tj
Наврасони Тоҷикистон ҳамсолини қазоқи худро шикаст доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наврасони Тоҷикистон ҳамсолини қазоқи худро шикаст доданд
Расм аз ФФТ

Наврасони Тоҷикистон ҳамсолини қазоқи худро шикаст доданд

Нашр шуд

Дастаи наврасони то 17 солаи тоҷик, ки имрузҳо дар шаҳри Минск дар “Ҷоми рушд-2021” иштирок намуда истодаанд, дар бозии аввали худ бар дастаи наврасони Қазоқистон ғолиб шуданд. 

Бозии аввали футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 1-7 ба манфиати Тоҷикистон анҷом ёфт.

Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Алиҷон Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷурабекзода муаллифони голҳо мебошанд.

Футболбозони тоҷикро ду бозии дигар бо Молдова (3 феврал 14:00) ва Беларус (6 феврал 17:30) бо вақти Душанбе интизор аст.

Хабарҳои футбол аз Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед