Ru  | Tj
Хабарҳои футбол аз Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳои футбол аз Тоҷикистон
Расм аз ФФТ

Хабарҳои футбол аз Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон бозиҳои  даври интихоби и гурӯҳӣ  барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои минбаъдаи Ҷоми Тоҷикистон идома доранд. Яке аз аввалинҳо ин роҳхатро дастаи “Истиқлол” пас аз пирӯз шудар бар дастаи “Барқчи” дар гурӯҳи Б ба даст овард. Дар ду даври бозиҳо байни дастаҳои пойтахт аввалин шуда Истиқлол  бо ду ғалаба ба даври дигар гузашт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии Усмон Тошев ба тамринҳои омодагӣ барои бозиҳои рафиқона бо тими Урдун оғоз намуд. Бозиҳо 1 ва 5 феврал дар Дубай баргузор мегарданд ва дастаи Тоҷикистон санаи 30 январ  барои сафар парвоз мекунад. Ҳардуи бозиҳо дар майдони Ассотсиатсияи футболи АМА соати 19:00 бо вақти Душанбе доир мегардад.

Гуруҳи доварони футбол аз Тоҷикистон бори нахуст дар Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон иштирок намуданд. Лигаи Муҳаммад бин Салмон дар зинаи дуюми лигаҳои Арабистони Саудӣ оид ба футбол ҷойгир мебошад. Дар ҳайати доварон Насрулло Кабиров, Акмал Буриев, Хусрави Сиддиқзод ва Сайёдҷон Зайниддинов буданд. Бозии даври 18 байни Ал-Драих бо Ал-Адалх насиби рефериони тоҷик гардид. 

Пас аз оғози чемпионати Тоҷикистон дар моҳи апрел доварон ба ватан хоҳанд баргашт.

Ҳарифони "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонони Осиё маълум шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед