Ru  | Tj
Нерӯҳои вижаи собиқ Артиши Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайвастанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нерӯҳои вижаи собиқ Артиши Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайвастанд
Акс: ASIA-Plus

Нерӯҳои вижаи собиқ Артиши Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайвастанд

Нашр шуд

Бозрасии вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон [SIGAR] дар гузорише бар пояи маълумоти Оҷонсии истихбороти дифои Амрико гуфт, нерӯҳои амниятӣ ва дифоии режими собиқи Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмад Масъуд пайвастаанд.

Дар гузориши ин ниҳод дар бораи вазъи амниятӣ дар Афғонистон гуфта мешавад, ки нерӯҳои амниятӣ ва дифоии режими собиқи Афғонистон, аз ҷумла нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон, ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд пайвастанд. Далели пайвастани онҳо тарс аз интиқом ва ё боздошт ва шиканҷа Толибон* (*Ҳаракати террористӣ)  гуфта мешавад.

"Ҷабҳаи муқовимат охирин ва ягона гузина барои овардани сулҳ, адолат ва озодӣ ба Афғонистон аст.", навиштааст масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат Алӣ Назарӣ дар Твиттер.

Масъулони Ҷабҳаи муқовимат қаблан гуфта буданд, ки бо теъдоди зиёди нерӯҳои амниятӣ ва дифоъии режими собиқ дар тамос ҳастанд.

Дар ҷои дигари ин гузориш омадааст, ки ҳарчанд шумори ҷиноятҳо ва ҳодисаҳои амниятӣ аз замони пеш аз суқути ҳукумати Ғанӣ коҳиш ёфтааст, аммо ҳамлаҳои ДИИШ ба шиаёни Афғонистон ва нерӯҳои Толибон идома доранд.

Ниҳоди SIGAR низ ба куштори ҳадафмандона ва нопадидшавии маҷбурӣ ишора кард ва гуфт, бо вуҷуди афви Толибон, гузоришҳои зиёде дар бораи интиқом аз сӯи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мунташир шудааст.


Толибон муҳофизи Аҳмад Масъудро боздошт кардаанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед