Ru  | Tj
Нигина Амонқулова: Тоҷикистон аз Дубай болотар аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нигина Амонқулова: Тоҷикистон аз Дубай болотар аст
Акс: Интернет

Нигина Амонқулова: Тоҷикистон аз Дубай болотар аст

Нашр шуд

Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик гуфт, ки дар Дубай клип сабт кардан намехоҳад, чун барои ҳар тоҷикистонӣ Тоҷикистон аз Дубай болотар аст.

Ба гузориши Halva.tj, Амонқулова бо ҳаводоронаш дар Instagram суҳбати озод анҷом дода, ба суолҳои онҳо посух гуфт.

Дар ин гуфтугӯ овозхони тоҷик ҳамчунин ваъда дод, ки соли равон ҳам дар Душанбе ва ҳам дар дигар шаҳру навоҳии кишвар барномаҳои ҳунарӣ иҷро мекунад.

Нигина дар бораи худаш ва аз чӣ сабаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол набуданаш гуфт, ки “Ман бисёр шармгинам, ростӣ бароям бисёр мушкил аст расму видео мондан, “сториз” кардан ё ба пахши мустақим баромадан”. Ӯ афзуд, ки ду писар ва оилаи обод дорад.

Ба суоли як мухлисаш, ки пурсид чаро Нигина дар Дубай клип сабт намекунад, овозхон посух дод, ки ба андешаи ӯ барои ҳар як тоҷикистонӣ Тоҷикистон аз Дубай болотар аст.

Нигина Амонқулова аз овозхонҳои маъруфи эстрадии тоҷик аст ва 35 сол дорад. 

Писари овозхони гуруҳи «Avesto» барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар Бишкек шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед