Ru  | Tj
Низомиëни тоҷик дар "Биатлони танкӣ"- и Маскав медали биринҷӣ ба даст оварданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Низомиëни тоҷик дар "Биатлони танкӣ"- и Маскав медали биринҷӣ ба даст оварданд
Акс: Sputnik

Низомиëни тоҷик дар "Биатлони танкӣ"- и Маскав медали биринҷӣ ба даст оварданд

Нашр шуд

Тими Тоҷикистон дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ”, ки дар доираи Бозиҳои VIII-и байналмилалии артиш (АрМИ-2022) баргузор гардид, мақоми сеюмро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории Sputnik, дар ин мусобиқа, ки дар тамрингоҳи "Алабино"-и вилояти Маскав гузашт, экипажҳои Точикистон зимни ҳунарнамоӣ дар дивизиони дуюм супоришҳои муайянгардидаро давоми як соату 43 дақиқаю 28 сония ба иҷро расониданд.

Манбаъ афзудааст, дар дивизиони дуюми мусобиқаи "Биатлони танкӣ" мақоми нахустро тими Мянмар ва ҷойи дуюмро тими Сурия ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, экипажи Мянмар дар як соату 36 дақиқаю 25 сония ва Сурия бошад, дар зарфи як соату 40 дақиқаю 59 сония ба марра расидаанд.

Бояд гуфт, ки имсол мусобиқаи "Биатлони танкӣ" давоми ду ҳафта ва бо ширкати низомиëн аз 21 кишвари ҷаҳон дар вилояти Маскави Русия баргузор шуд.

Ин сабқат аз ҷониби Вазорати дифои Русия ҳамасола гузаронида мешавад ва ҳадафи онро рушди ҳамкориҳои низомӣ ва таҳкими иттиҳоди ҷангии кишварҳои иштирокдор унвон мекунанд.
Соли 2021 тими Тоҷикистон дар "Биатлони танкӣ" сазовори медали нуқра гардида буд.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ: Тоҷикон се медали дигар гирифтанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед