Ru  | Tj
Нуҳ муштзани тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё иштирок мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нуҳ муштзани тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё  иштирок мекунанд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Нуҳ муштзани тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё иштирок мекунанд

Нашр шуд

Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон давраҳои тамриниро дар шаҳри Душанбе анҷом дода, ҷиҳати иштирок дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба Таиланд роҳсипор гардид. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муштзанҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур дар 8 вазн зери роҳнамоии мураббиҳо Рустам Музаффаров, Муҳаммадҷон Ташахунов ва Алӣ Бобоҷонов ширкат меварзанд.

Ба тими муштзанҳои Тоҷикистон миёни мардон Меҳрон Шафиев (48 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Шукрат Саломатов (67 кг), Шаҳобҷон Шукуров (71 кг), Абдумалик Болтаев (80 кг), Саидов Аҳмадҷон (86 кг) , Парвиз Каримов (92 кг) ва миёни бонувон Миҷгона Самадова (57 кг) шомиланд.

Ёдовар мешавем, ки Қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Чиангмайи Таиланд аз 28 ноябр то 12 декабр миёни беҳтарин муштзанони қораи Осиё доир мегардад. Дар мусобиқа беш аз 200 муштзан (132 мард, 82 зан) аз 21 кишвари Осиё ширкат меварзанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед