Ru  | Tj
Оғози маъракаи нобуд кардани кӯкнор дар Ҳирот

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Оғози маъракаи нобуд кардани кӯкнор дар Ҳирот
Акс: TOLOnews

Оғози маъракаи нобуд кардани кӯкнор дар Ҳирот

Нашр шуд

Дар баробари наздик шудани мавсими ҷамъоварии афюн кори нобуд кардани кӯкнор дар вилояти Ҳирот оғоз шудааст. Дар ин бора шабакаи хабарии «TOLOnews» иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ин корзор нерӯҳои амниятӣ деҳа ба деҳа гашта, киштзорҳои маводи мухаддирро нобуд мекунанд.

Ҳаётуллоҳ Рӯҳонӣ, мудири бахши мубориза бо маводи мухаддири фармондеҳии пулиси Ҳирот дар ин замина гуфтааст: «Амалиёти мо идома дорад ва мо садҳо гектар заминро аз кишти афюн дар навоҳии гуногун тоза кардем».

Гуфта мешавад, ки нерӯҳои воҳиди вижа кормандони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои таъмини амнияти маъракаи нобудсозии кӯкнор ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, деҳқонон мегӯянд, ки ҳукумати муваққат ба ҷойи аз байн бурдани киштзорҳои кӯкнор бояд дар тарғиби зироатҳои ҷойгузин бо кишоварзон ҳамкорӣ кунад.

«Ҳукумат як кори хайре кардааст, ки кишти кӯкнорро аз байн бурдааст. Агар ба деҳкон кумак расонанд, вай аз паси кукнор намеравад ва худаш дигар зироат кишт месозад», - гуфтааст деҳқоне бо номи Ғуломмуҳаммад ба «TOLOnews».

Таъкид мешавад, ки корзори нобуд кардани киштзорҳои кӯкнор дар наздикии Ҳирот, дар вилоятҳои Ғӯр, Бодғис, Нимрӯз ва Фарроҳ ҳамзамон оғоз шудааст. Интизор меравад, ки киштзорҳои кӯкнор дар ғарби ин кишвар қабл аз ҷамъоварии шираи он нобуд карда шаванд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи охирин гузориши Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ майдони кишти кӯкнор дар Афғонистон дар соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ 32 дарсад афзоиш ёфта, 233 ҳазор гектарро ташкил дод.

Бар асоси ин гузориш, аз ҳосили кӯкнори соли 2022 дар Афғонистон ҷамъоваришуда метавон аз 350 то 380 тонна ҳероини содиротӣ бо тозагии 50-70 дарсад тавлид кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед