Ru  | Tj
Омодагӣ ба иди миллии Сада дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Омодагӣ ба иди миллии Сада дар Тоҷикистон

Омодагӣ ба иди миллии Сада дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон солҳои охир ҳамаи идҳои қадимию таърихи аз нав маъмул шуда истодаанд. Ба ғайр аз иди Наврӯз, ки аллакай иди байналмиллалӣ эътироф шудааст, боз идҳои Меҳргон, Шаби Ялдо ва Сада низ ҷори шуданд.

Дар бораи иди Сада расман моҳи октябри соли 2017 ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” иловаҳо ворид карда шуд. Акнун ҳар сол моҳи январ дар Ҷумҳурӣ иди милли Сада ҷашн гирифта мешавад.

Дар муносибати ин ид ҳар гуна озмунҳо дар мактабу муассисаҳои илмӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва ярмаркаи маҳсулотҳои мавсими зимистон гузаронида мешавад.

Маънои иди Сада ба гуфтаи олимон аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад ва бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Дар Душанбе имсол иди Сада дар боғи фарҳангии А. Фирдавсӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамлаи бабри сафед ба чорвои майда

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед