Ru  | Tj
Ҷонибек Ҳикмат аз Фотима Рабаб хост, ки пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷонибек Ҳикмат аз Фотима Рабаб хост, ки пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намоянд
Акс: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷонибек Ҳикмат аз Фотима Рабаб хост, ки пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намоянд

Нашр шуд

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли ин ташкилот Фотима Рабаб дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ, дар ин мулоқот Ҷонибек Ҳикмат аз Фотима Рабаб, ки ҳамзамон Намояндаи олӣ оид ба Гурӯҳи кишварҳои камтараққикардаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs), кишварҳои камтараққикарда (LDCs) ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ (SIDs) мебошад, даъват кардааст, ки пешбарии ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълон намудани  соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" дастгирӣ намоянд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо ҳамчунин дар мавриди авлавиятҳои Тоҷикистон дар Гурӯҳи кишварҳои камтараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023, татбиқи Барномаи амали Вена ва омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои камтараққикардаи маҳсур дар хушкӣ, ки соли 2024-ум дар Давҳа баргузор мегардад, табодули назар кардаанд.

Бояд гуфт, ки 3-юми марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буд, ки соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон гардад ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи олимони Академияи милли илмҳо обшавии пиряхҳо имсол дар Тоҷикистон афзоиш ëфта, бузургтарин пиряхи дунë - Федченко дар ҳоли обшавии шадид қарор дорад.

Раҳмон ба Гуттериш: ​Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак ба мардуми Афғонис­тонро бояд идома диҳ­ад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед