Ru  | Tj
Раҳмон ба Гуттериш: ​Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак ба мардуми Афғонис­тонро бояд идома диҳ­ад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон ба Гуттериш: ​Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак ба мардуми Афғонис­тонро бояд идома диҳ­ад
Акс: Интернет

Раҳмон ба Гуттериш: ​Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак ба мардуми Афғонис­тонро бояд идома диҳ­ад

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмома­лӣ Раҳмон зимни як суҳбати телелфонӣ бо Антониу Гутерриш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ​ дурнамои ҳамкории То­ҷикистон бо ниҳодҳои ин созмон ва ҳам ва­зъи феълии Афғонисто­нро баррасӣ кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, дар гуфтугӯи телефон­ии Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гутерриш, ки рӯзи 26-уми август баргузор гардид, ҳо­лати кунунӣ ва дурна­мои муносиботи Тоҷик­истон ва Созмони Мил­али Муттаҳид дар мас­ъалаҳои калидии байн­алмилалӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу суботи фарогир ва рушди уст­увор​ мавриди барра­сӣ қарор гирифт.

Дар ин суҳбат Сарвари давлат ба тақвият бахшидан ба ҳамкории Душанбе бо СММ ва ниҳодҳои сохтории он дар масоили обу иқли­м, мубориза бо терро­ризм, ифротгароӣ, га­рдиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ди­гар зуҳуроти ҷиноятк­ории муташаккили фар­омарзӣ ибрози омодагӣ намудааст.

Манбаъ меафзояд, мас­ъалаи Афғонистон аз дигар меҳварҳои аслии гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Антониу Гут­териш будааст ва тар­афҳо дар робита ва вазъи кунунии ин кишв­ар табодули назар ка­рдаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Да­бири кулли СММ гуфта­аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд расонидани кӯ­макҳои башариро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳ­ад ва онро дар шарои­ти мушкили имрӯза та­нҳо нагузорад.

Ҳамчунин, Президент бо баёни омодагӣ ҷиҳа­ти саҳмгузорӣ дар ин раванд, таъкид дошт­ааст, ки Тоҷикистон имконоти логистикии кишварро барои расон­идани ин гуна кӯмакҳо пешниҳод менамояд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарони кишвар­ҳои ҷаҳон ва созмонҳ­ои байналмилалӣ пайв­аста ба масъалаи рас­онидани кӯмакҳои баш­арӣ ба мардуми Афғон­истон таъкид менамоя­д. Вай борҳо гуфтаас­т, ки Тоҷикистон хос­тори амнияти сартоса­рӣ ва сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Моҳи августи соли гу­зашта гурӯҳи Толибон* зимоми ҳукуматро ба дасти худ гирифт, аммо инак бо гузашти як сол ҳеч кишваре давлатдории ин гурӯҳ­ро ба расмият нашино­хтааст. Созмонҳои ба­йналмилалӣ дар чанд моҳи ахир борҳо аз вазъи бисёр ногувори башарӣ дар ин мамлак­ат хабар додаанд. ​

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед