Ru  | Tj
Ҷопон барои эмкунии кӯдакони тоҷик 3 миллион доллар кумак менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷопон барои эмкунии кӯдакони тоҷик 3 миллион доллар кумак менамояд
Акс: ASIA-plus

Ҷопон барои эмкунии кӯдакони тоҷик 3 миллион доллар кумак менамояд

Нашр шуд

Ҳукумати Ҷопон барои харидории ваксинаҳо барои кӯдакони тоҷик ҳудуди 3 миллион доллар кумак мекунад. 
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, Ҷопон дар доираи барномаи наҷот ва рушди бармаҳалии тифлон ба Тоҷикистон ҷиҳати харидории ваксинаҳо ҳудуди 3 миллион доллар ихтисос медиҳад. 

Манбаъ меафзояд, дар чорчӯби ин лоиҳа дар се соли оянда ба Тоҷикистон ба арзиши 3 миллион доллар  ваксинаҳо барои ҳифзи кӯдакон аз бемориҳои сурхча-баногӯшак-гулафшон, гепатити В ва ҳамчунин лавозимоти лозими эмгузаронӣ ворид карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дирӯз 1-уми ноябр дар ин бобат миёни Сафорати Ҷопон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Вазорати тандурустӣ тавофуқнома ба имзо расидааст. 

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири танудурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пас аз имзои ин тавофуқнома онро идомаи мутақобилан судманди ҳамкориҳои сеҷониба унвон кардааст. 

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷопон борҳо барои пешгирии кӯдакони тоҷик аз бемориҳои сироятӣ кӯмак расонидааст. Таъкид мегардад, ки маҳз бо дастгириҳои ин кишвар эмгузаронии кӯдакони тоҷик аз бемориҳои гузаранда дар сатҳи баланд нигоҳ дошта мешавад. 

Аз ҷумла, Ҷопон қаблан барои саривақт ба босифат дастрас намудани ваксинаҳои ба навоҳии дурдасти кишвар мошинҳои махсуси яхдондор тақдим намуда буд.  


Муовини Шӯрои амнияти Қирғизистон кӯмаки башардӯстонаро дар Кобул ба дасти Мулло Абдулғанӣ Бародар супурд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед