Ru  | Tj
Палатаи ҳисоб зиёнҳоро дар соли 2020 ҳисоб кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Палатаи ҳисоб зиёнҳоро дар соли 2020 ҳисоб кард
Расм аз Палатаи ҳисоб

Палатаи ҳисоб зиёнҳоро дар соли 2020 ҳисоб кард

Нашр шуд

Дар нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб, раиси ин ниҳод Қарахон Чиллазода оиди зиёни расонидаи вазорату мақомотҳо, марказҳову бонкҳо шарҳ дод.

Ба гуфтаи Чиллазода зарари расонида ба 252,3 млн. сомонӣ баробар мебошад. Ҳаҷми заарарҳо дар натиҷа санҷишҳои гузаронида муайян карда шуд ва беш аз 227 миллион ба хазинаи давлатӣ баргардонида шуд.

Дар руйхати қонуншиканиҳо харҷи беҳуда 78,6 миллион, азхудкунии маблағи давлатӣ дар ҳаҷми 42 миллион, барзиёд харҷ намудан дар сохтмону таъмирҳо, напардохтани андоз ва ғайра мебошад.

Аз мақомотҳо бошад бештар Барқи Тоҷик ва вазорати маориф зарар расонидаанд. Инчунин вазорати саноат, вазорати меҳнат, вазорати фарҳанг, Кумитаи дин, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии авиатсия, Агентии омор, Донишгоҳи миллӣ ва ғ. шомил мебошанд.

Кумитаи зиддиинҳисорӣ: нархи барқ ҳоло боло намеравад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед