Ru  | Tj
Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон
Акс: Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме мардуми кишварашро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ гуфт, ки яке аз суннатҳои нек дар моҳи Рамазон дароз кардани дасти хайру саховат ба ниёзмандон аст.

Бинобар ин, ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, мусулмонон бояд дар ин моҳи муқаддас рисолати имонӣ ва виҷдонии худро барои оромиву субот ва рушди ҷомеа, аз ҷумла дастгирии эҳтиёҷмандон ва беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ анҷом диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи паёми шодбошии худ зикр кард, ки имсол моҳи шарифи Рамазон ба давраи саршавии мавсими киштукори баҳорӣ рост омад.

Ба гуфтаи раҳбари давлат, дар шароити пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки бисёр кишварҳои дунё аз норасоии маводи озуқа ва болоравии нархҳо азият мекашанд, ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ, истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулот аз ҳар як нафар масъулияти баланд ва заҳмати боз ҳам бештарро тақозо менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуд, ки ҳангоми гирифтани рӯза набояд ба зоҳирпарастиву худнамоӣ роҳ диҳем, зеро Худованди мутаол хоксорӣ, сарфакорӣ ва накӯкориро дӯст медорад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо назардошти ин нуқта таъкид кард, ки мардум талаботи қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳатман риоя намоянд.

Кишвардори Тоҷикистон инчунин зикр кард, ки мардум бояд моҳияти аслии фарҳанги исломиро дуруст дарк карда, онро бо назардошти арзишҳои миллӣ ва ба манфиати тарбияи инсони комил истифода кунанд.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, анҷом додани ин кор дар шароити кунунӣ, аз ҷумла густариши таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва унсурҳои фарҳангии бегона ба мафкураи мардум, махсусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим ва зарур мебошад.

Дар фарҷоми паёми шодбошии худ раисҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми кишвараш даъват кард, ки дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва осебпазири ҷаҳони муосир неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд.

Ёдовар мешавем, ки бар асоси эълони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон 23-юми март оғоз мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед