Ru  | Tj
Пешгирӣ пурзӯр мешавад. Ҳамаи кормандони НБО “Роғун” ҳам ваксина гирифтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пешгирӣ пурзӯр мешавад. Ҳамаи кормандони НБО “Роғун” ҳам ваксина гирифтаанд
Акс: Sputnik

Пешгирӣ пурзӯр мешавад. Ҳамаи кормандони НБО “Роғун” ҳам ваксина гирифтаанд

Нашр шуд

Тамоми бунёдкорони Неӯугоҳи барқи обии “Роғун” ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус ваксина гирифтанд.

Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”, Умедҷон Урозов, роҳбари маркази саломатии шаҳри Роғун гуфтааст, ки беш аз се ҳазор корманди ин нерӯгоҳи бузурги кишвар бо ваксинаҳои «Мoderna» ва «CoronaVaс» эм шудаанд.

Манбаъ гуфтааст, ки аҳолии Роғун дар маъракаи ваксиназанӣ ба таври фаъол иштирок доранд ва бо сабаби саривақт гирифтани ваксинаҳову риояи қоидаҳои беҳдоштӣ имрӯз дар беморхонаҳои шаҳр ягон кас бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ нест.

Роғун бузургтарин тарҳи гирдоэнергетикӣ дар Осиёи Миёна аст ва пурра ба кор даромадани он Тоҷикистонро ба кишвари интиқолдиҳандаи нерӯи арзони барқ дар минтақа табдил медиҳад.

Вазорати тандурустӣ қаблан хабар дода буд, ки то бегоҳи 17-уми август 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар аҳолии Тоҷикистон ваксина гирифтаанд, ки ин баробар ба 29,5 % - тамоми мардуми кишвар мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки то имрӯз ба Тоҷикистон 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина ворид шудааст. Айни замон чор намуд ваксина – AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Sputnik V ба мардум пешниҳод мешавад.

Тоҷикистон нақша дорад, ки то охири сол бояд 62,5 фисади сокинонаш ваксина бигиранд.

1,5 миллион воя ваксинаи "Модерна" аз ИМА ба Тоҷикистон ворид гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед