Ru  | Tj
Пидром: Иродаи неки Тоҷикистон аст, ки интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ накардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пидром: Иродаи неки Тоҷикистон аст, ки интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ накардааст
Акс: Sputnik

Пидром: Иродаи неки Тоҷикистон аст, ки интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ накардааст

Нашр шуд

Латифи Пидром гуфт, ки изҳороти Тоҷикистон дар бобати вазъи кунунии Афғонистон дахолат ба умури дохилии ин кишвар нест.

Сиёсатмадори афғонистонӣ Латифи Пидром дар як навори видеоӣ, ки онро хабаргузории “Афганистан.Ру” нашр кардааст, бо баёни ин матлаб таъкид дошт, ки гуфтаҳои ҷониби Тоҷикистон мутобиқ ба арзишҳои байналмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар аст.

Пидром ҳамчунин бо ишора ба дахолати ошкори Покистон ба умури дохилии Афғонистон ва сафари роҳбари Хадамоти иктишофии ин кишвар ба Кобул гуфт, ки мақомҳои расмии Исломобод ба тамоми кишварҳои дунё мераванд, то Толибон* (* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро ба расмият бишносанд.

Дар ин баробар, Пидром таъкид дошт, ки новобаста аз пардохт нашудани маблағ интиқоли неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон қатъ нагардидааст ва ин нишонаи иродаи неки Душанбе мебошад.

“Кадом кишвар ба корҳои Афғонистон дахолат мекунад: ҳамон кишваре, ки роҳбари хадамоти иктишофияш ба Афғонистон барои мудирият ва ҳамоҳангсозӣ меояд, ё кишваре, ки мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ ба ҳайати ҳукумат шомил бошанд?”, - афзуд ин сиёсатмадор.

Қаблан Halva.TJ гузориш дода буд, ки Мулло Бародар, муовини аввали сарвазири ҳукумати худхондаи Толибон* Тоҷикистонро бо иттиҳоми дахолат ба умури дохилии Афғонистон танқид кардааст. Вай дар як гуфтугӯи телевизионӣ дар шабакаи Al-Jazeera гуфт, ки "Тоҷикистон ба корҳои мо дахолат мекунад, ҳар амал аксуламале дорад".

Латифи Пидром дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ва паёмадҳои он мегӯяд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед