Ru  | Tj
Посухи сафорати Русия ба донишҷӯёни тоҷик

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Посухи сафорати Русия ба донишҷӯёни тоҷик
Расм аз asiaplustj.info

Посухи сафорати Русия ба донишҷӯёни тоҷик

Нашр шуд

Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати умури хориҷӣ аз 27 октябри 2020 ва ба донишҷӯёне, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд, посух дод, ки 
вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба ин кишвар пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд

Ҳамзамон вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дод, ки масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯён бо мақомотҳои дахлдор мавриди барраси қарор дорад ва ҳанӯз ҷониби Русия аз сабаби номусоид будани вазъи эпидемиологӣ ба хулосаи наомадааст.

Рӯзи 9 ноябр тақрибан 20 ҷавононе, ки имсол ба донишгоҳҳои Русия дохил шудан ва бо сабаби пандемия сафар карда натавонистанд, дар назди бинои вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомада хоҳиш карданд, ки ба онҳо кӯмак кунанд, то ки онҳоро аз донишгоҳҳо хориҷ накунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед